Ибриён 3
[1] Пас, эй бародарону хоҳарон, ки аз они Худо ҳастеду ба даргоҳи Худо даъват шудаед, дар бораи Исо, ки мо Ӯро фиристодаи Худо ва саркоҳин эълон мекунем, бомулоҳиза фикр кунед.
[2] Ҳамон тавре ки Мусо ба тамоми хонаводаи Худо вафодор буд, Исо низ ба Худо дар вазифаи ба он таъйиншудааш вафодор монд.
[3] Аммо, чӣ қадаре ки шуҳрату ҷалоли бинокори хона аз худи хона бештар аст, ҳамон қадар Исо аз Мусо дида сазовори шуҳрату ҷалоли бештаре гардид.
[4] Ҳар хона бо дасти касе сохта мешавад, аммо бинокори ҳама чиз Худост.
[5] Мусо ба тамоми хонаводаи Худо ҳамчун хизматгораш вафодор буд, то ки намунаи он ростие бошад, ки Худо дар оянда аён карданӣ буд.
[6] Масеҳ бошад, ҳамчун Писар ба хонаводаи Худо соҳиби вафодор аст. Ва хонадони Ӯ мо ҳастем, ба шарте ки бовариамонро дилпурона нигоҳ дорем ва хурсандона умедвори он чизҳое бошем, ки Худо бароямон мекунад.
[7] Пас, бо гуфтаи Рӯҳулқудс: «Имрӯз ки овози Худоро мешунавед,
[8] саркашӣ накунед, чунон ки халқи Исроил шӯриш карда, ҳангоми дар биёбон аз озмоиш гузаштанаш ба Худо беитоатӣ карда буд».
[9] Худо боз гуфтааст: «Аҷдодони шумо корҳои Маро тӯли чил сол дар биёбон медиданд, вале боз ҳам косаи сабрамро лабрез мекарданд.
[10] Аз ин сабаб Ман аз он насл хашмгин шуда, гуфтам, ки Онҳо ҳамеша дар дили худ аз Ман рӯй мегардонанд ва роҳҳои Маро нафаҳмидаанд.
[11] Пас, дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки онҳо ҳаргиз ба истироҳати Ман дохил намешаванд».
[12] Эй бародарону хоҳарон, эҳтиёт шавед, ки касе аз шумо дили сиёҳу беимоне, ки аз Худои зинда рӯй мегардонад, надошта бошад.
[13] Балки ҳар рӯз ба якдигар насиҳат кунед. То он замоне, ки ҳанӯз «имрӯз» номида мешавад, насиҳат карданро давом диҳед. Дар акси ҳол шумо ба фиреби гуноҳ афтода, шахси саркаш мешавед.
[14] Охир мо шарики Масеҳ гаштаем ва шарик мемонем, ба шарте ки боварии аввалаи худро то ба охир маҳкам нигоҳ дорем.
[15] Чи тавре ки пештар гуфта шуда буд: «Имрӯз ки овози Худоро мешунавед, саркашӣ накунед, чунон ки халқи Исроил ҳангоми шӯриш саркашӣ карда буд».
[16] Киҳо овози Худоро шуниданду шӯриш бардоштанд? Мо медонем, ки ин ҳамаи онҳое буданд, ки Мусо аз Миср берун овард.
[17] Худо аз кӣ чил сол хашмгин буд? Чунон ки медонем, аз аҷдодони гунаҳкорамон, ки аз барои гуноҳ ҷасадҳояшон дар биёбон монд.
[18] Дар ҳаққи киҳо Худо қасам хӯрда гуфт, ки ба истироҳати Ӯ дохил намешаванд? Мо ҳама медонем, дар ҳаққи онҳое, ки итоат накарданд.
[19] Хулоса, мо мебинем, ки онҳо аз сабаби беимониашон ба истироҳати Худо дохил шуда натавонистанд.