Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 4:39

[1] Салом ба ҷамоатҳои имондорони вилояти Ғалотия! Ман, Павлус, ки фиристодаи Масеҳ ҳастам, на бо қарори одамон ё аз ҷониби ягон инсон, балки аз ҷониби Исои Масеҳ ва Худо Падар, ки Исоро баъд аз мурданаш зинда гардондааст, ба ин вазифа таъйин гаштаам. Ҳамчунин ҳамаи имондороне, ки бо ман ҳастанд,

[3] ба шумо файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Худо Падар ва Худовандамон Исои Масеҳро хоҳонем!

[4] Исои Масеҳ мувофиқи хости Падарамон Худо ба хотири гуноҳҳои мо Худро фидо кард, то ки моро аз ин дунёи палид озод намояд.

[5] Ба Ӯ шаъну шараф то абад бод. Омин.

[6] Ҳайронам, ки шумо ин қадар зуд аз Худо, ки шуморо бо файзу меҳрубонии Масеҳ даъват кардааст, рӯй гардонда, ба хушхабари дигаре рӯй меоваред.

[7] Дар асл хушхабари дигар вуҷуд надорад. Фақат баъзе касон майнаи шуморо гаранг мекунанд ва хушхабари Масеҳро тағйир доданӣ ҳастанд.

[8] Аммо агар ҳатто мо ё фариштае аз осмон баръакси ҳамон хушхабаре, ки ба шумо эълон карда будем, таълимоти дигар диҳад, бигзор вайро Худо занад!

[9] Чуноне ки мо аллакай гуфтем, боз ҳам такрор мекунам, лаънат ба касе, ки ба шумо хушхабари дигаре аз он, ки қабул кардаед, эълон намояд!

[10] Ҳоло гӯед, ки оё ман бо гуфти одамон зиндагӣ мекунам ё бо гуфти Худо? Магар ман ба одамон маъқул шудан мехоҳам? Агар ман то ҳол кӯшиш мекардам, ки ба одамон маъқул шавам, хизматгузори Масеҳ намебудам.

[11] Эй бародарону хоҳарон, мехоҳам инро донед, ки хушхабари эълон кардаамро одамизод бофта набаровардааст.

[12] Ман онро аз одамизод на қабул кардааму на таълим ёфтаам, балки Исои Масеҳ ин хушхабарро бароям ошкор намудааст.

[13] Шумо шунидаед, ки ҳангоми пайрави дини яҳудӣ буданам чӣ хел зиндагӣ мекардам. Ман бераҳмона ҷамоати имондорони Худоро азоб медодаму дар пайи нобуд кардани он будам.

[14] Ман дар риояи дини яҳудӣ дар байни авлодамон аз ҳамаи ҳамсолони худ зиёдтар пешрафт карда будам, чунки дар иҷрои расму русуми аҷдодонамон бисёр кӯшишу ғайрат мекардам.

[15] Аммо Худо маро пеш аз он, ки ба дунё оям, интихоб намуда, файзу меҳрубонӣ нишон дода, маро ба хизмати Худ даъват кардааст. Худо дар вақту соате, ки муносиб донист,

[16] Писари Худро ба ман ошкор кард, то ки ман рафта, дар бораи Писараш ба халқҳои ғайрияҳудӣ хабар диҳам. Ман ҳамон замон барои маслиҳат пеши ягон инсон нарафтам.

[17] Ҳатто ба шаҳри Уршалим назди фиристодагоне, ки аллакай ба ин вазифа таъйин шуда буданд, нарафтам, балки ба Арабистон рафтам ва баъдан ба шаҳри Димишқ баргаштам.

[18] Баъд аз се сол ман барои шинос шудан бо Петрус ба Уршалим рафта, понздаҳ рӯз ҳамроҳаш истодам.

[19] Вале аз фиристодагони дигар касеро ба ғайр аз Яъқуби бародари Худовандамон Исои Масеҳ надидам.

[20] Худо шоҳид аст, ки он чи ба шумо навишта истодаам, дурӯғ нест!

[21] Сипас, ман ба сарзамини Сурия ва Киликия раҳсипор шудам.

[22] Имондорони ҷамоатҳои Масеҳ дар сарзамини Яҳудия маро ҳанӯз шахсан намешинохтанд.

[23] Фақат ба гӯшашон хабар расида буд, ки Павлуси азобдиҳандаи онҳо ҳамон имонеро, ки пештар аз байн бурдан мехост, акнун дар бораи ин имон худаш эълон карда истодааст.

[24] Бино бар ин, онҳо ба хотири ман Худоро шукр гуфтанд.

Ғалотиён — Chapters