Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 6:04

[1] Инак, ҳамчун фарзандони азизи Худо дар ҳама чиз аз Ӯ ибрат гиред.

[2] Ҳамон тавре бомуҳаббат зиндагӣ кунед, ки Масеҳ нишон додааст. Ӯ моро дӯст дошта, Худро ба хотири мо ба Худо ҳамчун қурбонӣ тақдим кард ва ин қурбонӣ ҳамчун бӯйи хуш ба димоғи Худо расидааст.

[3] Инак, ҳеҷ гуноҳи ҷинсӣ ё бешармиву беҳаёӣ ё чашмгуруснагӣ дар байни шумо ҳатто набояд зикр шавад, чунки ба халқи Худо ин рафтор ношоиста аст.

[4] Инчунин гапҳои бемаънӣ гуфтан ва шӯхиҳои беодобона кардан ба шумо муносиб нестанд. Баръакс, бояд шукргузорӣ кунед.

[5] Ҳаминро донед, ки ба ягон шахси бероҳа, бешарму ҳаё ё чашмгурусна, ки чунин рафтораш баробари бутпарастӣ аст, Подшоҳии Масеҳ ва Худо насиб намешавад.

[6] Нагузоред, ки касе шуморо бо гапҳои беҳуда, ки гӯё чунин рафтор гуноҳ нест, фиреб диҳад! Охир, ана ҳамин рафторҳо ғазаби Худоро бар сари шахсони саркаш меоранд.

[7] Бо ин гуна шахсҳо шиштухез накунед!

[8] Шумо як замон худ торикӣ будед, вале акнун, ки бо Худованд ҳастед, равшанӣ гаштаед. Пас ҳамон рафтору кирдореро кунед, ки мувофиқи равшанӣ бошад.

[9] Агар равшанӣ дар вуҷуди шумо ҳаст, рафторатон бояд нек, дуруст ва рост бошад.

[10] Барои фаҳмидани он чи ба Худованд писанд меояд, кӯшишу ғайрат кунед.

[11] Ба корҳои беҳудаи торикӣ ҳамроҳ нашаведу онҳоро фош кунед.

[12] Кас ҳатто аз гуфтани он корҳое, ки онҳо пинҳонӣ дар торикӣ мекунанд, шарм медорад.

[13] Аммо, вақте ки рӯшноӣ ба ҳаёти онҳо метобад, ҳама чиз ошкор мегардад.

[14] Пас онҳое, ки ошкор шудаанд, худ равшанӣ мешаванд. Бино бар ин, гуфторе ҳаст, ки «Эй хобрафта, бедор шаву аз марг бархез! Ва нури Масеҳ бар ту медурахшад!»

[15] Инак, монанди шахсони беақл набошед. Балки ҳушёр буда, ҳамчун шахсони бохирад қадаматонро дониста монед.

[16] Азбаски ин замон замони бадӣ аст, ҳар фурсатро ғанимат донед.

[17] Бефаросат набошеду донед, ки хости Худованд чист.

[18] Маст нашавед, ки мастӣ шуморо ба расвоӣ мебарад. Баръакс, бо Рӯҳулқудс пур шуда,

[19] дар вақти суҳбат бо якдигар сурудҳои Забурро хонед ва Худоро ҳамду сано гуфта, дар дилҳоятон таронаҳои парастиш барои Худованд хонед.

[20] Инчунин ҳамеша Худоро, ки Падарамон аст, ба хотири Худованди мо Исои Масеҳ барои ҳама чиз шукргузорӣ кунед.

[21] Ҳурмати Масеҳро карда, ба якдигар итоат кунед.

[22] Занон, ҳамон тавре ки ба Худованд итоат мекунед, ба шавҳарони худ низ итоат кунед.

[23] Охир, шавҳар барои занаш сар аст, чунон ки Масеҳ сари ҷамоати имондорон аст, ки он бадани Ӯст. Масеҳ ҳамчунин Наҷотдиҳандаи ҷамоаташ мебошад.

[24] Пас, чунон ки ҷамоати имондорон ба Масеҳ итоат мекунад, ҳамон тарз зан низ бояд ба шавҳари худ аз ҳар ҷиҳат итоат кунад.

[25] Мардҳо, занони худро бояд ҳамон тарз дӯст доред, ки Масеҳ ҷамоати имондоронро дӯст доштааст. Охир ба хотири ҷамоати имондорон Масеҳ Худро фидо намуд,

[26] то ки ба воситаи каломаш ин ҷамоатро гӯё бо об шустушӯ намуда, барои Худ ҷудо карда гирад.

[27] Масеҳ бо ин кораш хост имондоронро барои Худ ҳамчун ҷамоати бошукӯҳе муҳайё созад, ки бе ягон доғу иллат ва беайбу нуқсон аз они Ӯ бошад.

[28] Ана ҳамин тавр мард занашро ҳамчун ҷисму ҷони худ бояд дӯст дорад. Ҳар кӣ занашро дӯст дорад, нишон медиҳад, ки худашро дӯст медорад.

[29] Ҳеҷ инсоне нест, ки ягон бор ҷисмашро бад дида бошад. Баръакс, ҳар кас ҷисмашро хӯронда парвариш мекунад. Масеҳ ба ҷамоати имондорон чунин рафтор мекунад,

[30] чунки мо аъзои бадани Ӯ ҳастем.

[31] Дар навиштаҷот омадааст, ки «Аз ҳамин сабаб мард падару модари худро гузошта, ба зани худ мепайвандад ва онҳо як тан мешаванд».

[32] Ин гуфтаҳо маънои чуқур доранд, аммо ман бо ин мисол Масеҳ ва ҷамоати имондоронро дар назар дорам.

[33] Лекин ба шумо низ ин гуфтаҳо тааллуқ доранд, ки ҳар мард бояд занашро баробари ҷонаш дӯст дорад. Занҳо бошанд, бояд иззату ҳурмати шавҳарони худро ба ҷо оваранд.

Эфесусиён — Chapters