3 Юҳанно
[1] Аз роҳбари ҷамоати имондорон ба Ғоюси азиз, ки дар ростӣ ӯро дӯст медорам.
[2] Дӯсти азизам, ман дуо мекунам, ки аз ҳар ҷиҳат ривоҷу равнақ ёбӣ ва сиҳату саломат бошӣ, чуноне ки дилу ҷонат равнақ меёбад.
[3] Вақте ки чанд бародарон омада, ба ман шаҳодат доданд, ки ту ба ростӣ бовафо ҳастӣ ва дар роҳи ростӣ меравӣ, ман бениҳоят хурсанд шудам.
[4] Аз шунидани он, ки фарзандони ман дар роҳи ростӣ мераванд, бароям хурсандии бузургтаре нест.
[5] Дӯсти азиз, ту нисбат ба имондорон, ҳатто имондорони бароят ношинос вафодорона рафтор мекунӣ.
[6] Ин бародарону хоҳарон дар бораи муҳаббати ту дар пеши ҷамоати имондорон шаҳодат доданд. Кори хуб мекунӣ, агар онҳоро тавре ба сафарашон гусел намоӣ, ки иззати Худоро ба ҷо меорад.
[7] Чунки онҳо аз барои номи Ӯ ба сафар баромадаанд ва аз беимонон чизе қабул накарданд.
[8] Бино бар ин, мо бояд чунин одамонро таъмин намоем, то ки дар роҳи ростӣ ҳамкор шавем.
[9] Ман дар бораи ин ба ҷамоати имондорон нависта будам, аммо ҳамон Диютрифис, ки роҳбарӣ карданро дӯст медорад, гапи моро дар замин монд.
[10] Пас, дар сурати омаданам ман корҳои ӯро ва суханони зишташро, ки бар зидди мо мегӯяд, ба рӯйи об мебарорам. Ба ӯ ин корҳояш ҳам кам аст, ки боз аз қабул кардани бародарону хоҳарон рӯй мегардонад. Ӯ ба дигарон низ, ки қабул кардан мехоҳанд, роҳ намедиҳад. Ҳатто онҳоро аз ҷамоати имондорон берун мекунад.
[11] Дӯсти азизам, рафтори хубро тақлид кун ва на рафтори бадро. Зеро ҳар кӣ хубӣ мекунад, аз ҷониби Худо аст. Аммо касе, ки бадӣ мекунад, Худоро надидааст.
[12] Ана Димитриюсро ҳама таъриф мекунанд, ҳатто худи ростӣ инро тасдиқ мекунад. Мо ҳам дар бораи ӯ шаҳодат медиҳем ва ту медонӣ, ки шаҳодати мо рост аст.
[13] Боз чизи зиёд ба ту гуфтанӣ ҳастам, лекин намехоҳам, ки онро бо ранг дар рӯйи коғаз нависам.
[14] Ман умедворам, ки ба зудӣ туро мебинам ва чашм ба чашм гап мезанем.
[15] Саломат бош. Дӯстони ин ҷо будаат ба ту салом мегӯянд, ту низ дӯстони он ҷоро як ба як салом гӯй.