Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:16

[1] Хулоса, бародарону хоҳарон, барои мо дуо кунед. Бигзор хабари Худованд, чӣ хеле ки дар байни шумо ҳаст, зуд паҳн гардида, дар байни дигарон ҳам бо эҳтиром қабул шавад.

[2] Дуо кунед, ки мо аз одамони бад дар амон бошем, зеро на ҳама ба хушхабар бовар доранд.

[3] Худованд вафодор аст ва Ӯ шуморо мустаҳкам намуда, аз шайтон ҳимоя мекунад.

[4] Худованд ба мо дар бораи шумо боварӣ медиҳад, ки фармонамонро иҷро намуда истодаед ва ҳамон тавр давом медиҳед.

[5] Бигзор Худованд дилҳои шуморо ба муҳаббати Худо ва сабру тоқати Масеҳ равона кунад.

[6] Бародарону хоҳарон, ба номи Худовандамон Исои Масеҳ ба шумо амр медиҳем, ки аз он имондоре дурӣ ҷӯед, ки бекорхӯҷагӣ намуда, мувофиқи таълимоти аз мо гирифтааш зиндагӣ намекунад.

[7] Худатон медонед, ки чӣ тавр ба мо бояд пайравӣ кунед. Ҳангоми дар наздатон буданамон мо бекорхӯҷагӣ накардем ва

[8] нони касеро муфт нахӯрдем. Баръакс, шабу рӯз бисёр меҳнат мекардем, то ки ба ҳеҷ яке аз шумо бор нашавем.

[9] Бо вуҷуди он ки ба ёрии шумо ҳақ доштем, худамон кор кардем. Мехостем ба шумо намунаи ибрат бошем.

[10] Ҳатто ҳангоми дар назди шумо буданамон фармон медодем, ки ба касе, ки кор кардан намехоҳад, ёрӣ нарасонед.

[11] Мо шунидем, ки бо вуҷуди ин баъзеҳо дар байнатон бекорхӯҷагӣ мекунанд, ҳеҷ кор накарда, нахӯди пеши қошуқ мешаванд.

[12] Аз номи Худованд Исои Масеҳ ба онҳо фармон дода, насиҳат мекунем, ки бо сари хам кор карда, ризқу рӯзии ҳалол ёбанд.

[13] Аммо шумо бошед, бародарону хоҳарон, аз некӣ кардан хаста нашавед.

[14] Касеро, ки ба таълимоти дар ин нома навиштаамон итоат накунад, ба назар гиред ва бо ӯ рафтуомад накунед, то ки шарм дорад.

[15] Вале ӯро душман нашуморед, балки ба мисли бародару хоҳар насиҳат намоед.

[16] Бигзор Худи Худованд, ки сарчашмаи сулҳу осоиштагӣ аст, ҳамеша ба шумо дар ҳама ҳолат сулҳу осоиштагӣ диҳад. Худованд бо ҳамаи шумо бод!

[17] Аз ҳусни хатам мебинед, ки ин саломро худи ман, Павлус менависам. Дар ҳамаи мактубҳоям низ ҳамин тавр мекунам ва бо ин исбот менамоям, ки мактуб дар ҳақиқат аз тарафи ман аст.

[18] Бигзор файзу меҳрубонии Худовандамон Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бошад!

2 Тасолуникиён — Chapters