1 Тимотиюс 2
[1] Ман пеш аз ҳама шуморо даъват мекунам, ки барои тамоми одамон дуо ва шукргузорӣ кунед. Аз Худо талаб намоед, ки ба онҳо ёрӣ диҳад ва худатон низ дар пеши Ӯ тарафи онҳоро гиред.
[2] Инчунин барои шоҳон ва тамоми ҳукуматдорон дуо кунед, то ки мо дар худотарсӣ ва сарбаландӣ зиндагии орому осуда дошта бошем.
[3] Зеро чунин дуоҳо хубанд ва ба Худо Наҷотдиҳандаи мо писанд меоянд.
[4] Худо мехоҳад, ки тамоми одамон наҷот ёбанд ва ростиро фаҳманд.
[5] Ростӣ ҳамин аст, ки танҳо як Худо аст ва танҳо як одам метавонад моро бо Худо оштӣ кунад. Ин одами миёнарав Исои Масеҳ мебошад.
[6] Ӯ Худашро фидо карда, озодии тамоми одамонро харидааст. Инро Худо дар вақту соати муносиб ба мо нишон додааст.
[7] Барои ҳамин Ӯ маро – Павлусро эълонкунандаи хушхабар ва фиристода интихоб кардааст, то ки ба ғайрияҳудиён дар бораи имону ҳақиқат таълим диҳам. Суханҳоям рост асту ҳеҷ дурӯғ надорад.
[8] Мехоҳам, ки мардҳо дар ҳама ҷо бо дилу нияти нек, беқаҳр ва бебаҳсу мунозира дасти дуо бардоранд.
[9] Занон бошанд, худро на бо тиллову марворид, балки бо шарму ҳаё ва некандешӣ оро диҳанд. На бо мӯйбофӣ ва пироҳани пурқимат,
[10] балки бо корҳои некашон худро оро диҳанд. Ин чизҳо муносиби заноне аст, ки худро худотарс меноманд.
[11] Зан бояд бо камоли фармонбардорӣ дар хомӯшӣ таълим гирад.
[12] Ба занон иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳанд ва бар мард ҳукмронӣ кунанд. Онҳо бояд оромона ба таълимот гӯш диҳанд.
[13] Барои чӣ чунин мегӯям? Барои он ки Худо на зан, балки мардро аввал офарид.
[14] Ҳамчунин шайтон на Одамро, балки Ҳавворо фиреб дода, ӯро ба гуноҳ водор намуд.
[15] Лекин агар занҳо нақшеро, ки Худо барояшон додааст, қабул кунанд, яъне фарзанд ба дунё оранд, ҳаёти пур аз имону муҳаббат дошта бошанд ва покдоману оқила бошанд, Худо онҳоро наҷот медиҳад.