Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 2:47

[1] Азбаски дигар тоқати ҷудоӣ надоштем, фикр кардем, ки дар шаҳри Атино худ танҳо бимонем,

[2] вале ба назди шумо ба шаҳри Тасолуникӣ Тимотиюсро фиристем. Ҳамон Тимотиюсро, ки бародари мо буда, дар эълон кардани хушхабари Масеҳ хизматгори Худо мебошад. Хостем, ки ӯ шуморо дар имонатон устувор ва боқувват гардонад,

[3] то касе аз шумо ҳангоми азобҳо ба дудилагӣ роҳ надиҳад. Шумо пештар ҳам медонистед, ки мо бояд азоб кашем.

[4] Охир, ҳангоми дар назди шумо буданамон ҳам огоҳ карда будем, ки моро азоб дода, дунболагирӣ хоҳанд кард. Чуноне ки мебинед, ҳамин тавр ҳам шуд.

[5] Аз ин сабаб, вақте ки тоқатам тоқ шуд, ба назди шумо Тимотиюсро фиристодам, то дар бораи имонатон бифаҳмад, мабодо шайтони васвасакор шуморо аз роҳ занад ва тамоми меҳнатамон барбод равад.

[6] Вале алҳол Тимотиюс аз наздатон баргашта, дар бораи муҳаббату имони шумо хабарҳои хуш овард. Ӯ ба мо нақл кард, ки шумо ҳамеша бо некӣ моро ёд мекунед ва мехоҳед, ки моро боз бубинед, чуноне ки мо ҳам хоҳони дидори шумоем.

[7] Бародарону хоҳарон, дар ин ҳама ранҷу азобу душвориҳоямон имони шумо моро рӯҳбаланд кард.

[8] Агар имони шумо ба Худованд устувор бошад, мо ҳам зиндадил мегардем.

[9] Бародарону хоҳарони тасолуникӣ, дар ҳузури Худо шумо ба мо хурсандии бузурге бахшидед, ки барои он Худоро беохир шукр мегӯем.

[10] Мо шабу рӯз аз таҳти дил дуо мегӯем, ки боз бо шумо вохӯрем, то норасоии имонатонро пурра гардонем.

[11] Бигзор Худи Худо – Падар ва Худовандамон Исо моро сӯйи шумо равона кунад!

[12] Бигзор Худованд бо он муҳаббати бузурге, ки нисбат ба шумо дорем, шуморо ҳам нисбат ба якдигар ва ҳамагон пур ва лабрез намояд.

[13] Ҳамин тавр, Ӯ дили шуморо боқувват гардонад, то ҳамон рӯзе, ки Худованд Исо бо пайравонаш меояд, дар пеши Худо Падарамон беайб ва пок бошед.

1 Тасолуникиён — Chapters