[1] Акнун дар бораи ҷамъоварии маблағ, ки он барои ёрии халқи Худо аст, менависам. Ҳамон тавре ки ба ҷамоатҳои имондорони вилояти Ғалотия дастур додам, шумо низ ҳамон тарз амал кунед.
[2] Ҳар якеатон, ҳар ҳафта рӯзи якшанбе вобаста ба даромади худ, чӣ қадаре ки тавонед, пул ҷудо кунед, то ки ҳангоми омадани ман ба ин кор машғул шудан лозим наояд.
[3] Вақте ки ба пешатон меоям, шахсони интихобкардаи шуморо бо тавсиянома ба шаҳри Уршалим мефиристам, то ки онҳо хайрияи шуморо ба он ҷо баранд.
[4] Агар ба Уршалим рафтани ман фоиданок бошад, бигзор онҳо ҳамроҳи ман раванд.
[5] Дар бораи сафари ояндаам нақша дорам, ки аз вилояти Мақдуния гузашта, назди шумо ба шаҳри Қуринтус ба меҳмонӣ биёям.
[6] Шояд муддате наздатон бимонам ё ҳатто зимистонро ҳамроҳатон гузаронам. Пас бо кӯмаки шумо ба сафари худ, ба ҳар ҷое ки бошад, давом диҳам.
[7] Ман намехоҳам, ки шуморо танҳо як сари қадам дида гузарам, балки агар Худованд хоҳад, пешатон бисёртар истодан мехоҳам.
[8] Ҳоло бошад ман дар шаҳри Эфесус ҳастаму то иди Ҳосилот дар ин ҷо мемонам,
[9] чунки дар ин ҷо барои хизмати босамар тамоми имкониятҳо фароҳам аст. Аммо дар ҳамин ҷо ҳам муқобилони бисёр ҳастанд.
[10] Агар ҳамкорам Тимотиюс ба пешатон биёяд, эҳтиёт бошед, ки ӯ дар байни шумо аз хавфу хатар эмин бошад, зеро ӯ ба мисли ман хизмати Худовандро иҷро карда истодааст.
[11] Ба ӯ беҳурматӣ накунед, балки ӯро бо сулҳ ба назди ман равон кунед. Ман интизори омадани ӯву бародарон ҳастам.
[12] Дар бораи бародари мо Апуллус гуфтаниам, ки аз ӯ бисёр хоҳиш намудам, ки бо бародарон ба назди шумо биёяд. Лекин айни замон ӯ тамоман чунин хоҳиш надорад. Аммо ҳар вақте ки имконият шуд, ба наздатон меояд.
[13] Ҳушёр бошед ва дар имонатон устувор бимонед. Далер ва боқувват бошед.
[14] Ҳама коратонро аз рӯйи муҳаббат кунед.
[15] Бародарону хоҳарон, шумо аҳли оилаи Истефанусро мешиносед ва медонед, ки онҳо аввалин имондорон дар вилояти Охоия буданд ва худро ба хизмати халқи Худо супоридаанд.
[16] Ман мехоҳам, ки шумо ба ин шахсон ва ба ҳар касе ки монанди онҳо хизмат карда, меҳнат мекунанд, итоат намоед.
[17] Ман аз омадани ҳамшаҳриёнатон Истефанус, Фортунатус ва Охойқос хурсанд шудам. Зеро онҳо ҷойи холии шуморо пур карданд.
[18] Онҳо, чунон ки шуморо рӯҳбаланд карданд, маро низ ҳамон тавр рӯҳбаланд намуданд. Чунин одамонро иззату ҳурмат кунед.
[19] Ҷамоатҳои имондорони вилояти Осиё ба шумо – қуринтиён салом мерасонанд. Ҳамкоронам Акило ва занаш Прискила ва имондороне, ки дар хонаашон ҷамъ мешаванд, дар Худованд бароятон саломи гарму ҷӯшон мефиристанд.
[20] Тамоми имондорон ба шумо салом мефиристанд. Якдигарро ба оғӯш гирифта, салом гӯед.
[21] Дар ин ҷумла аз ҳусни хатам мебинед, ки ин салом аз худи ман, Павлус аст.
[22] Ҳар кӣ Худовандро дӯст намедорад, гирифтори лаънат бод! Худованди мо биё!
[23] Бигзор файзу меҳрубонии Худованд Исо бо шумо бошад!
[24] Ман ҳамаи шуморо, ки пайравони Исои Масеҳ ҳастед, дӯст медорам.