Skip to content
Opens in a new window

[1] Каломи Худованд, ки бар Сафаньё ибни Кушӣ, ибни Ҷадальё, ибни Амарьё, ибни Ҳизқиё, дар айёми Йӯшиё ибни Омӯн, подшоҳи Яҳудо, нозил шуд.

[2] «Ҳамаро аз рӯи замин тамоман маҳв мекунам», мегӯяд Худованд.

[3] «Одамизод ва чорпоёнро маҳв мекунам, мурғони ҳаво ва моҳиёни баҳр, ва асбоби васвасаро бо якҷоягии шарирон маҳв мекунам; ва одамизодро аз рӯи замин нест мекунам», мегӯяд Худованд.

[4] «Ва дасти Худро бар Яҳудо ва бар ҳамаи сокинони Ерусалим дароз мекунам, ва бақияи Баал, ва номҳои пешвоёни бутпарастонашро бо якҷоягии коҳинонаш нест мекунам;

[5] Ва онҳоеро низ, ки бар бомҳо ба лашкари осмон сачда мекунанд, ва онҳоеро, ки сачда карда, ба Худованд қасам мехӯранд ва ба Милкум қасам мехӯранд,

[6] Ва онҳоеро низ, ки аз Худованд гаштаанд, яъне Худовандро намеҷӯянд ва Ӯро наметалабанд».

[7] Ба ҳузури Худованд Худо хомӯш бош! Зеро ки рӯзи Худованд наздик аст; зеро ки Худованд қурбоние тайёр кардааст, даъватшудагони Худро тақдис намудааст.

[8] «Ва дар рӯзи қурбонии Худованд чунин воқеъ хоҳад шуд, ки Ман сарварон, ва писарони подшоҳ, ва ҳамаи онҳоеро, ки либоси бегона мепӯшанд, муҷозот хоҳам намуд.

[9] Ва дар он рӯз ҳамаи онҳоеро, ки аз остона ҷаста мегузаранд, ва хонаи оғои худро аз ситам ва макр пур мекунанд, муҷозот хоҳам намуд».

[10] «Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд», мегӯяд Худованд, «ки садои фиғон аз дарвозаи моҳиён, ва вовайло аз маҳаллаи дуюм, ва шикастагии бузурге аз болои пуштаҳо ба гӯш хоҳад расид.

[11] Вовайло кунед, эй сокинони Мактеш, зеро ки тамоми қавми тоҷир маҳв гардидаанд, ҳамаи нуқраандӯзон нест шудаанд.

[12] Ва дар он вақт чунин воқеъ хоҳад шуд, ки Ман Ерусалимро бо чароғҳо тафтиш хоҳам кард, ва шахсонеро, ки бар дурди худ нишаста, дар дили худ мегӯянд: „Худованд на некӣ мекунад ва на бадӣ“, муҷозот хоҳам намуд.

[13] Ва дороии онҳо ба ғанимат гирифта ва хонаҳои онҳо валангор хоҳад шуд; ва хонаҳо бино хоҳанд кард, вале дар онҳо сокин нахоҳанд шуд, ва токҳо хоҳанд шинонид, вале шароби онҳоро нахоҳачд нӯшид».

[14] Рӯзи бузурги Худованд наздик аст, он наздик аст ва хело мешитобад: садои рӯзи Худованд ба гӯш мерасад! Он гоҳ баҳодур ҳам фиғони талх хоҳад бардошт.

[15] Он рӯз рӯзи ғазаб аст, рӯзи тангӣ ва мусибат, рӯзи вайронӣ ва харобӣ, рӯзи торикӣ ва зулмот, рӯзи абр ва меғ,

[16] Рӯзи шох ва нидоҳо бар шаҳрҳои ҳисордор ва бар бурҷҳои баланд.

[17] Ва Ман одамонро ба танг меоварам, ва онҳо мисли кӯрон роҳ хоҳанд рафт, зеро ки пеши Худованд гуноҳ кардаанд; ва хунашон мисли ғубор, ва гӯшташон мисли саргин рехта хоҳад шуд.

[18] На нуқраи онҳо, на тиллои онҳо дар рӯзи ғазаби Худованд онҳоро наметавонад наҷот диҳад, ва бо оташи рашки Ӯ тамоми замин фурӯ бурда хоҳад шуд, зеро ки ҳалокате, он ҳам ҳалокати ногаҳоние, Ӯ бар ҳамаи сокинони замин хоҳад овард.

Китобн Сафаньё Набӣ — Chapters