[1] Ва модаршӯяш — Ноомӣ ба вай гуфт: «Эй духтарам, оё маро лозим нест, ки бароят ҷои фароғат биҷӯям, то ки барои ту хуб бошад?
[2] Ва акнун, оё Бӯаз, ки ҳамроҳи канизони ӯ будӣ, хешованди мо нест? Инак, ӯ имшаб дар хирмангоҳ ҷавро бод мекунад;
[3] Ту ғусл бикун, ва равған бимол, ва пероҳани худро бипӯш, ва ба хирмангоҳ фурӯд ой, лекин худро ба он мард нишон надеҳ, то вақте ки хӯрдан ва нӯшиданашро тамом кунад.
[4] Ва ҳангоме ки бихобад, ҷоеро, ки ӯ хобид, дар хотир бидор, ва омада, пеши пойҳои ӯро бикушо ва бихоб. Ӯ ба ту хоҳад гуфт, ки чӣ кор бояд бикунӣ».
[5] Вай ба ӯ гуфт: «Ҳар он чи ба ман гуфтӣ, ба ҷо хоҳам овард».
[6] Ва ба хирмангоҳ фурӯд омад, ва ҳар он чи модаршӯяш ба вай амр фармуда буд, ба ҷо овард.
[7] Бӯаз хӯрок хӯрд, ва нӯшид, ва дилшод шуд, ва дар канори хирман омада хобид. Пас вай оҳистаяк омада, пеши пойҳои ӯро кушод ва хобид.
[8] Нисфи шаб он мард ба изтироб омад ва як қад парида хест, ва инак, зане пеши пойҳои ӯ хобидааст;
[9] Ва гуфт: «Ту кистӣ?» Гуфт: «Ман канизи ту — Рут ҳастам; боли худро бар канизи худ паҳн намо, зеро ки ту фидиягузор ҳастӣ».
[10] Гуфт: «Эй духтарам! Ту аз ҷониби Худованд баракат хоҳӣ ёфт, зеро ки ин эҳсони охирини худро назар ба аввала хубтар ба ҷо овардӣ, бе он ки аз қафои ҷавонони хоҳ бенаво ва хоҳ сарватдор биравӣ.
[11] Ва акнун, духтарам, натарс: ҳар он чи гуфтӣ, барои ту хоҳам кард, зеро ки назди ҳар дарвоза қавми ман медонанд, ки ту зани солеҳа ҳастӣ.
[12] Ва акнун, дуруст аст, ки ман фидиягузор ҳастам, валекин фидиягузори аз ман наздиктаре низ ҳаст.
[13] Имшаб дар ҳамин ҷо бимон, ва пагоҳӣ, агар ӯ барои ту фидия диҳад, хуб мешавад, — бигзор фидия диҳад: ва агар ӯ нахоҳад, ки барои ту фидия диҳад, қасам ба Худованд, ки ман барои ту фидия хоҳам дод! То пагоҳӣ бихоб».
[14] Ва то субҳ пеши пойҳои ӯ хобид, ва пеш аз он ки касе бубинад, бархост. Ва ӯ дар дили худ гуфт: «Зинҳор мардум нафаҳманд, ки ин зан ба хирмангоҳ омада буд».
[15] Ва ба вай гуфт: «Сарандозеро, ки бар туст, гирифта, нигоҳ дор». Вай онро нигоҳ дошт, ва ӯ шаш андоза ҷавро чен карда, бар китфи вай гузошт, ва ба шаҳр равона шуд.
[16] Вақте ки вай назди модаршӯи худ омад, ӯ гуфт: «Корҳоят чӣ тавр аст, духтарам?» Вай ҳар он чи он мард барояш кард, ба ӯ хабар дод,
[17] Ва гуфт: «Ин шаш андоза ҷавро ба ман дода, гуфт, ки „назди модаршӯи худ тиҳидаст нарав“».
[18] Гуфт: «Ором бинишин, духтарам, то бидонӣ, ки кор чӣ гуна анҷом хоҳад ёфт; зеро ки он мард то ин корро имрӯз буд накунад, сокит нахоҳад шуд».