[1] Павлус, бандаи Исои Масеҳ, ва Тимотиюси бародар, ба Филемӯни маҳбуб ва ҳамкори мо,
[2] Ва ба Апияи маҳбуба, ва ба Архипуси ҳамсафи мо, ва ба калисое ки дар хонаи туст:
[3] Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
[4] Худои худро шукргузорӣ менамоям ва ҳамеша туро дар дуоҳои худ зикр мекунам,
[5] Чун дар бораи муҳаббати ту ба ҳамаи муқаддасон ва имоне ки ба Исои Худованд дорӣ, мешунавам, —
[6] Дуои ман ин аст, ки муоширати имони ту чунон таъсирбахш бошад, ки беҳтар бидонӣ ҳар некие ки дар мо барои Исои Масеҳ мебошад, чист.
[7] Зеро ки мо аз муҳаббати ту шодӣ ва тасаллои бузурге пайдо кардем, чунки ба туфайли ту, эй бародар, дилҳои муқаддасон осуда шудааст.
[8] Бинобар ин, агарчи дар Масеҳ ҷуръати зиёде дорам, ки вазифаатро ба ту амр фармоям,
[9] Аммо бештар аз рӯи муҳаббат хоҳиш менамоям, — гарчанде ки ман Павлуси пиронсол ва алҳол бандаи Исои Масеҳ низ ҳастам, —
[10] Аз ту дар хусуси фарзанди худ Онисимус хоҳиш менамоям, ки ӯро дар вақте ки дар занҷирҳо будам, ба дуньё овардаам,
[11] Ки як вақте ӯ барои ту муфид набуд, вале акнун ҳам барои ту муфид аст, ҳам барои ман; ӯро назди ту бармегардонам,
[12] Ва ту ӯро ҳамчун дили ман пазироӣ намо.
[13] Мехостам ӯро назди худ нигоҳ дорам, то ки ба ҷои ту ба ман дар занҷирҳои башорат хизмат кунад;
[14] Лекин бе розигии ту нахостам коре бикунам, то ки амали неки ту на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ бошад.
[15] Зеро, шояд, ӯ барои он муваққатан аз ту ҷудо шуда бошад, ки ту ӯро ба сурати абадӣ қабул кунӣ,
[16] Ва акнун на ҳамчун ғуломе, балки аз ғулом болотар, яъне ҳамчун бародари маҳбубе. Ӯ алалхусус барои ман, зиёдтар аз он ҳам барои ту, ҳам ба унвони ҷисм ва ҳам дар Худованд бояд маҳбуб бошад.
[17] Пас, агар ту маро шарики худ бидонӣ, ӯро мисли ман пазироӣ намо.
[18] Аммо агар ӯ осебе ба ту расонда бошад, ва ё чизе ба гарданаш дайн бошад, онро ба ман ҳисоб кун.
[19] Ман, ки Павлус ҳастам, бо дасти худ менависам: худам талофӣ хоҳам дод; ҳоло онро ба ту намегӯям, ки ту барои вуҷудат низ мадьюни ман ҳастӣ.
[20] Бале, эй бародар, бигзор, ки аз ту дар Худованд хурсанд шавам: дили маро дар Худованд осуда намо.
[21] Ба умеди фармонбардории ту ман ба ту менависам, чун медонам, ки аз гуфтаи ман зиёдтар ҳам хоҳӣ кард.
[22] Дар баробари ин барои ман хонае низ муҳайё бикун, зеро умедворам, ки ба ҳасби дуоҳоятон ба шумо ато хоҳам шуд.
[23] Эпафрос, ки бо ман ба хотири Исои Масеҳ бандӣ мебошад, ва Марқӯс, ва Ористархус, ва Димос, ва Луқос, ки ҳамкорони мананд, ба ту салом мерасонанд.
[24] Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бод. Омин.