[1] Ва инҳоянд сокинони мамлакат, ки аз асирии ҳиҷрат, ки Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ба Бобил ба асирӣ бурда буд, ба Ерусалим ва Яҳудо, ҳар яке ба шаҳри худ баргаштанд, —
[2] Онҳое ки бо Зарубобил, Ешуа, Наҳемьё, Сароё, Раэлоё, Мордахай, Билшон, Миспор, Биҷвай, Раҳум ва Баано омаданд. Шумораи одамони қавми Исроил:
[3] Зодагони Фаръуш — ду ҳазору саду ҳафтоду ду;
[4] Зодагони Шафатьё — сесаду ҳафтоду ду;
[5] Зодагони Ораҳ — ҳафтсаду ҳафтоду панҷ;
[6] Зодагони ҳокими Мӯоб, аз фарзандони Ешуа ва Юоб — ду ҳазору ҳаштсаду дувоздаҳ;
[7] Зодагони Элом — ҳазору дусаду панҷоҳу чор;
[8] Зодагони Затту — нӯҳсаду чилу панҷ;
[9] Зодагони Заккой — ҳафтсаду шаст;
[10] Зодагони Бонӣ — шашсаду чилу ду;
[11] Зодагони Бебой — шашсаду бисту се;
[12] Зодагони Азҷод — ҳазору дусаду бисту ду;
[13] Зодагони Адуниқом — шашсаду шасту шаш;
[14] Зодагони Биҷвай — ду ҳазору панҷоҳу шаш;
[15] Зодагони Один — чорсаду панҷоҳу чор;
[16] Зодагони Отир илова ба зодагони Ҳизқиё — наваду ҳашт;
[17] Зодагони Бесой — сесаду бисту се;
[18] Зодагони Юро — саду дувоздаҳ;
[19] Зодагони Ҳошум — дусаду бисту се;
[20] Зодагони Ҷиббор — наваду панҷ;
[21] Зодагони Байт‐Лаҳм — саду бисту се;
[22] Мардуми Натуфо — панҷоҳу шаш;
[23] Мардуми Анотӯт — саду бисту ҳашт;
[24] Зодагони Азмавт — чилу ду;
[25] Зодагони Қирьят‐Орим, Кфиро ва Баэрӯт — ҳафтсаду чилу се;
[26] Зодагони Ромо ва Ҷобаъ — шашсаду бисту як;
[27] Мардуми Микмос — саду бисту ду;
[28] Мардуми Байт‐Ил ва Ой — дусаду бисту се;
[29] Зодагони Набӯ — панҷоҳу ду;
[30] Зодагони Маҷбиш — саду панҷоҳу шаш;
[31] Зодагони Эломи дигар — ҳазору дусаду панҷоҳу чор;
[32] Зодагони Ҳорим — сесаду бист;
[33] Зодагони Луд, Ҳодид ва Уну — ҳафтсаду бисту панҷ;
[34] Зодагони Ериҳӯ — сесаду чилу панҷ;
[35] Зодагони Саноо — се ҳазору шашсаду сӣ.
[36] Коҳинон: зодагони Едаъё аз хонадони Ешуа — нӯҳсаду ҳафтоду се;
[37] Зодагони Иммир — ҳазору панҷоҳу ду;
[38] Зодагони Фашҳур — ҳазору дусаду чилу ҳафт;
[39] Зодагони Ҳорим — ҳазору ҳафдаҳ.
[40] Левизодагон: зодагони Ешуа ва Қадмиил илова ба зодагони Ҳудавьё — ҳафтоду чор;
[41] Муғанниён: зодагони Ософ — саду бисту ҳашт;
[42] Зодагони дарбонон: зодагони Шаллум, зодагони Отир, зодагони Талмун, зодагони Аққуб, зодагони Ҳатито ва зодагони Шубой — ҷамъ саду сиву нӯҳ.
[43] Тобеон: зодагони Сиҳо, зодагони Ҳасуфо, зодагони Таббоут,
[44] Зодагони Қерус, зодагони Сиаҳо, зодагони Фодун,
[45] Зодагони Лабоно, зодагони Ҳаҷобо, зодагони Аққуб,
[46] Зодагони Ҳоҷоб, зодагони Салмай, зодагони Ҳонон,
[47] Зодагони Ҷиддил, зодагони Ҷаҳар, зодагони Раоё,
[48] Зодагони Расин, зодагони Нақудо, зодагони Ҷаззом,
[49] Зодагони Уззо, зодагони Фосеҳо, зодагони Бесой,
[50] Зодагони Асно, зодагони Мауним, зодагони Нафусим,
[51] Зодагони Бақбуқ, зодагони Ҳақуфо, зодагони Ҳарҳур,
[52] Зодагони Баслут, зодагони Маҳидо, зодагони Ҳаршо,
[53] Зодагони Барқӯс, зодагони Сисро, зодагони Томаҳ,
[54] Зодагони Насиҳо, зодагони Ҳатифо;
[55] Зодагони ғуломони Сулаймон: зодагони Сутай, зодагони Сӯферет, зодагони Фрудо,
[56] Зодагони Яъло, зодагони Дарқун, зодагони Ҷиддил,
[57] Зодагони Шафатьё, зодагони Ҳаттил, зодагони Фухерет‐Ҳасбоим, зодагони Омӣ, —
[58] Ҷамъи тобеон ва зодагони ғуломони Сулаймон — сесаду наваду ду.
[59] Ва инҳоянд касоне ки аз Тал‐Милҳ, Тал‐Ҳаршо, Каруб‐Аддон ва Иммир баромаданд, вале хонадон ва аслу насаби худро натавонистанд бигӯянд, ки оё аз Исроил ҳастанд ё не:
[60] Зодагони Далоё, зодагони Тубиё, зодагони Нақудо — шашсаду панҷоҳу ду.
[61] Ва аз зодагони коҳинон: зодагони Ҳобайё, зодагони Ҳаққӯс — зодагони Барзилай, ки вай аз духтарони Барзилаи Ҷилъодӣ зан гирифта, бо номи онҳо хонда шудааст.
[62] Инҳо насабномаи худро ҷустуҷӯ намуда, наёфта буданд, — ва аз каҳонат хориҷ карда шуданд.
[63] Ва волӣ ба онҳо гуфт, ки то коҳине дар пеши урим ва туммим наистад, аз хӯроки қудси қудсҳо нахӯранд.
[64] Тамоми ин ҷамоат ба якҷоягӣ чилу ду ҳазору сесаду шаст нафар буданд,
[65] Ба ғайр аз ғуломон ва канизонашон; инҳо ҳафт ҳазору сесаду сиву ҳафт нафар буданд; ва ҳамроҳашон дусад нафар муғаннӣ ва муғаннияҳо буданд.
[66] Аспҳои онҳо — ҳафтсаду сиву шаш; хачирҳои онҳо — дусаду чилу панҷ;
[67] Уштурҳои онҳо — чорсаду сиву панҷ; харҳои онҳо — шаш ҳазору ҳафтсаду бист.
[68] Ва баъзе аз сардорони хонаводаҳо, чун ба хонаи Худованд, ки дар Ерусалим аст, расиданд, хайрот барои хонаи Худо доданд, то ки онро бар ҷояш аз нав барқарор намоянд.
[69] Алоқадри ҳолашон ба хазина барои ин кор шасту як ҳазор дирҳам тилло, панҷ ҳазор мино нуқра ва сад пероҳани каҳонат доданд.
[70] Ва коҳинон, ва левизодагон, ва баъзе аз қавм, ва муғанниён, ва дарбонон, ва тобеон дар шаҳрҳои худ, ва тамоми Исроил дар шаҳрҳои худ маскан гирифтанд.