Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:36

[1] ЗЕРО мехоҳам шумо бидонед, ки ман чӣ гуна заҳмат кашидам барои шумо ва барои касоне ки дар Лудкия мебошанд, ва барои ҳамаи онҳое ки қиёфаи маро ба ҳасби ҷисм надидаанд,

[2] То ки дилҳои онҳо тасаллӣ ёфта, дар муҳаббат пайванд шавад, барои ҳар сарвати фаҳми комил, то сирри Худо ва Падар ва Масеҳро бидонанд,

[3] Ки дар Ӯ ҳамаи ганҷҳои ҳикмат ва дониш ниҳон аст.

[4] Инро ман барои он мегӯям, ки ҳеҷ кас шуморо бо суханони дилфиреб дар иштибоҳ наандозад;

[5] Зеро, агарчи ҷисман ғоибам, рӯҳан бо шумо мебошам, ва саранҷоми хуби шумо ва матонати имони шуморо дар Масеҳ дида, шодӣ мекунам.

[6] Пас, чӣ тавре ки Исои Масеҳро ба унвони Худованд қабул кардаед, ҳамон тавр дар Ӯ рафтор намоед,

[7] Ки дар Ӯ реша давонда ва бино ёфта, дар имон мустаҳкам шудаед, чунон ки таълим гирифтаед ва шукри зиёде дар он мегӯед.

[8] Бохабар бошед, ки касе шуморо бо фалсафа ва фитнаи ботиле ки бар тибқи ривояти инсонӣ, бар тибқи аносири ҷаҳон, на бар тибқи Масеҳ аст, ҷазб накунад.

[9] Зеро ки дар Ӯ тамоми пуррагии Илоҳият ҷисман сокин аст,

[10] Шумо низ дар Ӯ пуррагӣ доред, ки Ӯ сари ҳар сарварӣ ва ҳукуматдорист;

[11] Ва дар Ӯ шумо махтун шудаед, вале на ба хатнае ки бо дасти одамизод сохта шудааст, балки ба хатнаи Масеҳ, ки ҷисми башариро канор мегузорад,

[12] Ки бо Ӯ дар таъмид дафн шудаед ва дар Ӯ эҳьё шудаед ба василаи имон ба қуввати Худо, ки Ӯро аз мурдагон эҳьё кард,

[13] Ва шуморо, ки дар гуноҳҳо ва дар номахтунии ҷисми худ мурда будед, бо Ӯ зинда карда, ҳамаи гуноҳҳотонро омурзид.

[14] Ва он дастнависро, ки бо фароизаш моро маҳкум менамуд ва бар зидди мо буд, Ӯ хат зада, аз миён бардошт ва бар салиб мехкӯб кард,

[15] Ва сарварону ҳукуматдоронро аз қувваташон маҳрум сохта, гирифтори шармандагӣ кард ва бар онҳо дастболо шуд.

[16] Пас, бигзор касе шуморо барои хӯрок ва нӯшокӣ, ё дар масъалаи ид, ё навмоҳ, ё шанбе маҳкум накунад:

[17] Инҳо сояи чизҳои оянда аст, аммо ҷисм аз они Масеҳ аст.

[18] Касе шуморо ба воситаи хоксорӣ ва ибодати фариштагон аз подош маҳрум накунад, дар сурате ки вай ба чизҳое ки надидааст, мудохила менамояд, аз ақли чисмонии худ беҳуда меболад.

[19] Инҳо робитаи худро аз сари бадан буридаанд, аз саре ки тамоми бадан ба воситаи буғумҳо ва бандҳо куввати ҳаётбахш гирифта ва пайваст гардида, нашъунамо меёбад ба нашъунамое ки аз Худост.

[20] Агар шумо бо Масеҳ нисбат ба аносири ҷаҳон мурда бошед, пас чаро, мисли онҳое ки дар ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, фароизи:

[21] «Нарас», «начаш», «даст наков» — ро пайравӣ менамоед,

[22] Дар сурате ки онҳо пас аз истеъмол фано мешавад, зеро бар аҳком ва таълимоти инсонӣ бино шудааст?

[23] Ҳамаи ин дар ибодати худсарона, хоксорӣ ва озори ҷисм ба назар ҳикмат менамояд, лекин дар ҷилавгирӣ кардани ҷисм фоида надорад.

Номаи Павлус ба Қӯлассиён — Chapters