[1] Пир — ба Ғоюси маҳбуб, ки ӯро ман дар ростӣ дӯст медорам.
[2] Эй маҳбуб! Дуо мегӯям, ки ту саломат бошӣ ва дар ҳар чиз комьёб шавӣ, чунон ки ҷони ту комьёб аст.
[3] Зеро ки ман бағоят хурсанд шудам, вақте ки бародарон омада, дар бораи ростии ту шаҳодат доданд, чунон ки ту дар ростӣ рафтор мекунӣ.
[4] Барои ман хурсандии бештаре нест аз шунидани он ки фарзандони ман дар ростӣ рафтор мекунанд.
[5] Эй маҳбуб! Дар ҳар коре ки барои бародарон, ҳатто барои ғарибон мекунӣ, рафтори ту амин аст.
[6] Онҳо ба ҳузури калисо дар бораи муҳаббати ту шаҳодат додаанд; ва ту рафтори хубе мекунӣ, агар онҳоро гусел намоӣ, чунон ки ба ҳузури Худо шоиста аст,
[7] Зеро ки онҳо ба хотири исми Ӯ сафар кардаанд, дар ҳолате ки аз халқҳо кӯмак нагирифтаанд.
[8] Пас мо бояд чунин касонро дастгирӣ намоем, то ки дар кори ростӣ шарик шавем.
[9] Ман ба калисо навиштам, аммо Диютрифас, ки калониро дар миёни онҳо дӯст медорад, моро қабул намекунад.
[10] Бинобар ин, агар биёям, корҳоеро, ки ӯ мекунад, ҳотирнишон ҳоҳам кард: ӯ дар ҳаққи мо суханони бад ба забон меронад, ва бо ин ҳам қонеъ нашуда, худаш бародаронро қабул намекунад ва ба касоне ки мехоҳанд, монеъ мешавад ва аз калисо бадар меронад.
[11] Эй маҳбуб! Ба бадӣ тақлид накун, балки ба некӣ. Касе ки некӣ мекунад, аз Худост; ва касе ки бадӣ мекунад, Худоро надидааст.
[12] Дар бораи Димитриюс ҳама ва худи ростӣ низ ба некии ӯ шаҳодат додааст; мо ҳам шаҳодат медиҳем, ва шумо медонед, ки шаҳодати мо рост аст.
[13] Чизи бисьёре доштам, ки бинависам, валекин намехоҳам ба ту бо сиёҳӣ ва қалам бинависам,
[14] Балки умедворам, ки ба қарибӣ туро бубинам, ва даҳонакӣ гуфтугузор кунем.
[15] Осоиштагӣ бар ту бод. Дӯстон ба ту салом мерасонанд. Ба дӯстон ном ба ном салом бирасон. Омин.