Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:28

[1] Аммо дар бораи замонҳо ва мӯҳлатҳо ба шумо, эй бародарон, навиштан ҳоҷат надорад,

[2] Зеро худи шумо хуб медонед, ки рӯзи Худованд ончунон меояд, чунон ки дузд дар шаб.

[3] Чун бигӯянд: «Осоиштагӣ ва амният», — он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор хоҳанд шуд, мисли он ки зани ҳомиладор ба дарди зоиш дучор мешавад, ва ба ҳеҷ ваҷҳ халос нахоҳанд шуд.

[4] Лекин шумо, эй бародарон, дар зулмот нестед, ки он рӯз бар шумо чун дузд ояд;

[5] Зеро ки ҳамаи шумо писарони нур ва писарони рӯз ҳастед. Мо на писарони шаб ҳастем ва на писарони зулмот.

[6] Пас, набояд мисли дигарон дар хоб бошем, балки бедор ва ҳушьёр бошем.

[7] Зеро ки хобидагон шабона мехобанд, ва мастон шабона маст мешаванд;

[8] Вале мо, ки писарони рӯз ҳастем, бояд ҳушьёр бошем ва зиреҳи имон ва муҳаббат ва хӯди умеди наҷотро дар бар кунем,

[9] Чунки Худо моро на барои ғазаб таъин кардааст, балки барои ёфтани наҷот ба василаи Худованди мо Исои Масеҳ,

[10] Ки барои мо мурд, то ки мо, хоҳ бедор бошем, хоҳ хобида, бо якҷоягии Ӯ зист кунем.

[11] Бинобар ин ҳамдигарро тасаллӣ диҳед ва якдигарро обод кунед, чунон ки низ мекунед.

[12] Аммо аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки он касонро қадрдонӣ намоед, ки дар миёни шумо меҳнат мекунанд, ва сарварони шумо дар Худованд буда, шуморо насиҳат медиҳанд,

[13] Ва онҳоро барои фаъолияташон бо камоли муҳаббат иззат кунед; бо якдигар дар сулҳ зист кунед.

[14] Инчунин аз шумо, эй бародарон, хоҳишмандем, ки танбалонро насиҳат кунед, беҷуръатонро тасаллӣ диҳед, сустонро дастгирӣ намоед, бо ҳар кас пурсабр бошед.

[15] Бохабар бошед, ки касе ба касе дар ивази бадӣ, бадӣ накунад, балки ҳамеша барои якдигар ва барои ҳама дар паи некӣ бошед.

[16] Ҳамеша шод бошед.

[17] Пайваста дуо гӯед.

[18] Барои ҳама чиз шукр гӯед, зеро ки чунин аст иродаи Худо дар ҳаққи шумо дар Исои Масеҳ.

[19] Рӯҳро хомӯш накунед.

[20] Нубувватҳоро хор нашуморед.

[21] Ҳама чизро озмоиш кунед, чизи ҳубро нигоҳ доред.

[22] Аз ҳар гуна бадӣ худдорӣ кунед.

[23] Худи Худои осоиштагӣ бигзор шуморо ба куллӣ пок гардонад ва рӯҳу ҷону ҷисми шуморо дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ комилан беайб нигоҳ дорад.

[24] Даъваткунандаи шумо амин аст, ва инро низ ба амал меоварад.

[25] Эй бародарон, барои мо дуо гӯед.

[26] Ба ҳамаи бародарон бо бӯсаи муқаддас салом расонед.

[27] Шуморо ба исми Худованд вазифадор менамоям, ки ин номаро ба ҳамаи бародарони муқаддас бихонед.

[28] Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод. Омин.

Номаи якуми Павлус ба Таслӯникиён — Chapters