Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва подшоҳ Сулаймон бар тамоми Исроил подшоҳ буд.

[2] Ва сарвароне ки назди ӯ буданд, инҳоянд: Азарьё ибни Содӯқи коҳин;

[3] Элиҳӯреф ва Аҳиёд, писарони Шишо, котибон; Еҳӯшофот ибни Аҳилуд, вақоеънавис.

[4] Ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ, сарлашкар; ва Содӯқ ва Абьётор, коҳинон.

[5] Ва Азарьё ибни Нотон, сардори волиён; ва Зобуд ибни Нотони коҳин, дӯсти подшоҳ.

[6] Ва Аҳишор, нозири хона; ва Адӯниром ибни Абдо, сардори боҷу хироҷ.

[7] Ва Сулаймон дувоздаҳ волӣ бар тамоми Исроил дошт, ва онҳо подшоҳ ва хонадонашро бо хӯрокворӣ таъмин мекарданд: ҳар яке мебоист соле як моҳ бо хӯрокворӣ таъмин мекард.

[8] Ва ин аст номҳои онҳо: ибни Ҳур — бар кӯҳи Эфроим;

[9] Ибни Доқар — дар Моқас ва Шаалбим ва Байт‐Шемеш ва Эйлӯни Байт‐Ҳонон;

[10] Ибни Ҳосад — дар Аруббӯт; Сукӯҳ ва тамоми замини Ҳофар ба ӯ тааллуқ дошт;

[11] Ибни Абинодоб — дар тамоми Нофат‐Дӯр; Тофат бинти Сулаймон завҷаи ӯ буд.

[12] Баано ибни Аҳилуд — дар Таънок ва Маҷиддӯ ва тамоми Байт‐Шеон, ки дар наздикии Сортано, поёнтари Изреъил аст, аз Байт‐Шеон то Обил‐Маҳӯло, то он тарафи Ёқемъом;

[13] Ибни Ҷобар — дар Ромӯт‐Ҷилъод; деҳоти Ёир ибни Менашше, ки дар Ҷилъод аст, ва ноҳияи Арҷуб, ки дар Бошон аст, ба ӯ тааллуқ дошт, яъне шаст шаҳри калону ҳисордор бо ғалақаҳои мисин;

[14] Аҳинодоб ибни Иддӯ — дар Маҳаноим;

[15] Аҳимаас — дар Нафтолӣ; ӯ Босмат бинти Сулаймонро ба занӣ гирифта буд;

[16] Баано ибни Ҳушой — дар Ошер ва Баолӯт;

[17] Еҳӯшофот ибни Форуаҳ — дар Иссокор;

[18] Шимъӣ ибни Эло — дар Биньёмин;

[19] Ҷобар ибни Урӣ — дар замини Ҷилъод, ки замини Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ва Ӯҷ, подшоҳи Бошон буд; ва ӯ ба танҳоӣ волӣ дар он замин буд.

[20] Яҳудо ва Исроил, ки мисли реги канори дарьё сершумор буданд, мехӯрданд ва менӯшиданд ва хурсандӣ мекарданд.

[21] Ва Сулаймон дар тамоми мамлакатҳо, аз наҳри Фурот то замини фалиштиён, яъне, то сарҳади Миср салтанат меронд; онҳо ҳадияҳо оварда ба Сулаймон тамоми айёми ҳаёти ӯ хизмат мекарданд.

[22] Ва хӯроквории Сулаймон барои ҳар рӯз ба миқдори зерин буд: сӣ кӯр гули орди гандум ва шаст кӯр орди дурушт;

[23] Даҳ гови парворӣ, ва бист гов аз чарогоҳ, ва сад гӯсфанд, ба ғайр аз ғизолҳо ва оҳуҳо ва гавазнҳо ва мурғҳои фарбеҳ.

[24] Зеро ки ӯ бар тамоми замини он тарафи наҳр, аз Тифсаҳ то Ғазза, бар ҳамаи подшоҳони он тарафи наҳр ҳукмронӣ мекард; ва барои ӯ гирдогирд, аз тамоми атрофаш сулҳу осоиштагӣ буд.

[25] Ва Яҳудо ва Исроил, ҳар кас зери токи ангури худ ва зери дарахти анҷири худ, аз Дон то Беэр‐Шобаъ, дар тамоми айёми Сулаймон дар амният менишастанд.

[26] Ва Сулаймон чил ҳазор охури асп барои аробаҳояш, ва дувоздаҳ ҳазор савора дошт.

[27] Ва он волиён подшоҳ Сулаймон ва ҳамаи онҳоеро, ки ба суфраи подшоҳ Сулаймон тааллуқ доштанд, ҳар яке дар моҳи худ бо хӯрокворӣ таъмин менамуданд, ва намегузоштанд, ки чизе камӣ кунад.

[28] Ва ҷав ва коҳ барои аспон ва хачирон ба маконе ки онҳо буданд, ҳар яке мувофиқи ӯҳдадории худ, меоварданд.

[29] Ва Худо ба Сулаймон ҳикмат ва хирадмандии бағоят зиёде ато намуда буд, ва фаровонии дониши ӯ мисли реги канори дарьё буд.

[30] Ва ҳикмати Сулаймон аз ҳикмати тамоми мардуми Шарқ, ва аз тамоми ҳикмати Миср зиёд буд.

[31] Ва ӯ аз ҳамаи одамон, аз Эйтони эзроҳӣ ва аз писарони Моҳӯл — Ҳеймон ва Калкул ва Дардаъ — бохирадтар буд, ва номи ӯ дар миёни ҳамаи халқҳои гирду атроф шӯҳрат дошт.

[32] Ва ӯ се ҳазор масал гуфтааст, ва ғазалҳояш ҳазор ва панҷто буд.

[33] Ва ӯ дар бораи дарахтон сухан рондааст, — аз арзе ки дар Лубнон аст, то зуфое ки бар деворҳо мерӯяд; ва дар бораи чорпоён ва мурғон ва ҳашарот ва моҳиён сухан рондааст.

[34] Ва аз ҳамаи қавмҳо барои шунидани ҳикмати Сулаймон меомаданд, — аз ҷониби ҳамаи подшоҳони замин, ки овозаи ҳикмати ӯ ба гӯшашон расида буд.

Китоби сеюми Подшоҳон — Chapters